Чкалов: Ярмаркаи ҷойҳои корӣ
Душанбе, 29.04.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Имрӯз дар боғи фарҳангӣ-истироҳатии ба номи Садриддин Айнии шаҳри Чкалов шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ярмаркаи ҷойҳои кориро ташкил намуд.
Бояд гуфт, ки дар ярмаркаи мазкур дар баробари корхонаву ташкилотҳои шаҳри Чкалов, инчунин намояндагони шаҳру навоҳии Хуҷанд, Қайроққум ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ширкат варзиданд. Дар маҷмӯъ, аз ҷониби 35 корхонаву ташкилот 737 ҷойи кор ба корҷӯён пешниҳод шуд. Бино ба гуфти масъулин дар ин рӯз тавассути ярмарка 12 нафар корҷӯй ба ҷои кори доимӣ роҳхат гирифт ва 11 нафари дигар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуд.
Тибқи иттилои Санҷар Раҳмонқулов, сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр то имрӯз аз ҷониби шуъбаи мазкур 4 маротиба ярмаркаи ҷойи кор гузаронида шуд, ки дар ин замина ҳудуди 100 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардида, 25 нафар ба касбомӯзӣ ҷалб шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






