Чорабиниҳои маърифатӣ вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ
Душанбе, 10.03.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ташкилоти ҷамъиятии «Нури ирфон» дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод 7-уми апрели соли ҷорӣ чорабиниҳои муштараки маърифатӣ вобаста ба муҳоҷирати бехатар, касбомӯзию шаҳодатномакунонии малакаҳо, фароҳам овардани ҷойҳои корӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар дохили кишвар ва ривоҷи соҳаи соҳибкорӣ гузарониданд.
Дар назди иштирокчиёни чорабиниҳо сардори ТҶ «Нури ирфон» дар вилояти Суғд Ф. Ҳодибоев, сармутахассиси Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд А. Аҳмедов, роҳбари шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Зафаробод З. Одинаев, мудири шуъбаи кор бо занони ноҳия С. Қобилова ва муовини директор оид ба таълими коллеҷи омӯзгорӣ М. Мӯсоева сухан гуфт.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






