Дар Ҳисор ронандаи тамғаи «Nisan» ба ҳалокат расид
Душанбе, 19.04.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Тавре ки аз маркази матбуоти ВКД иттилоъ доданд, дирӯз ронандаи мошини тамғаи «Nisan» Нозимҷон Абдуллоев, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба ноҳияи Ҳисор, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини тамғаи «Nisan-Maksima», таҳти идораи ронанда Сарабек Абдуллоев, соли таваллудаш 1976, сокини пойтахт бархурдааст.
Манбаъ хабар медиҳад, ки дар натиҷаи ин садама ронандаи мошини тамғаи «Nisan» Н. Абдуллоев ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расида, мусофири мошини мазкур Манучеҳр Давлатов, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Ҳисор бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ, дар беморхона бистарӣ гардидааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






