Дар Душанбе Шӯрои ҳайати соҳибкорони Тоҷикистону Туркманистон таъсис меёбад

Апрель 2, 2014 13:30

Душанбе, 02.04.2014. (АМИТ «Ховар, Кристина  Эрлих). – Чанде  пеш Раиси Палатаи  савдо  ва  саноати  Тоҷикистон Шариф  Саид  сафири  Туркманистон  дар  Тоҷикистон  Эшонқули  Амонлиевро  ба  ҳузур  пазируфт.  Дар  ин  бора  аз  ПСС ҶТ ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд. 
Дар  ҷараёни  мулоқот  ҷиҳатҳои асосии  ҳамкории  дуҷонибаи  тиҷоратию  иқтисодӣ  мавриди  муҳокима  қарор  гирифта,  ҳамчунин  перомуни  дурнамои  имкониятҳои рушду густариши  ин  ҳамкорӣ мубодилаи  афкор баргузор гардид.
Шариф  Саид  пешниҳод  намуд, ки  дар  шаҳрҳои  Душанбе  ва  Ашқобод,  намоишгоҳҳо ва ҷамъомаду  мулоқотҳои  аҳли  тиҷорат ташкил  намуда,  дар  нимаи  дуюми  соли  2014   дар  шаҳри  Душанбе  намоишгоҳи маҳсулоти Туркманистон,  ҷамъомади  соҳибкорон  доир  намуда, дар  ҳошияи  ҷамъомад Шӯрои ҳайати  соҳибкорону Тоҷикистону  Туркманистон  таъсис  дода  ва  масъалаҳои  зикршуда  ба  рӯзномаи  Комиссияи  байниҳукуматии  Тоҷикистону  Туркманистон   дохил  карда шавад. 
Аз  рӯи  натиҷаи  мулоқот  тасмим  гирифта шуд, ки  дар  шаҳри  Душанбе   намоишгоҳи  маҳсулоти  Туркманистон  доир  намуда ва дар  ҳошияи Комиссияи байниҳукуматӣ Шӯрои ҳайати  соҳибкорони Тоҷикистону  Туркманистон таъсис  дода шавад.  

Апрель 2, 2014 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш