Дар Тоҷикистон ҷашни «Сайри гули Лола» доир мешавад

Апрель 11, 2014 19:32

Имрӯз таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ нахустин ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба ташкил ва баргузор намудани ҷашни «Сайри гули Лола» баргузор шуд. Дар кори ҷаласа роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор ширкат варзиданд. Дар нахустҷаласаи Кумитаи тадорукот таҳияи Низомнома ва тартиби баргузории ҷашни «Сайри гули Лола» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зикр гардид, ки ҷашни «Сайри гули Лола» бояд ҳар сол дар фасли баҳор доир гардида, мақсад аз баргузории он эҳёи суннатҳои ниёгон дар тарғиби ҳисси зебоипарастӣ, ободу зебо гардонидани муҳити зист, талқини хислати гулпарварӣ миёни шаҳрвандон, нигоҳдории арзишҳои табиӣ ва дар ин замина ҷалби сайёҳон ва рушди соҳаи туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тибқи қарори Кумитаи тадорукот гуруҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг, кумитаҳои телевизион ва радио, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, иттифоқҳои нависандагон, рассомон, суратгирон, дизайнерон ва коршиносон таъсис ёфт. Гуруҳи мазкур давоми ҳафтаи оянда аз гулбоғҳои пойтахт ва маҷмааҳои давлатӣ боздид намуда, вобаста ба сифат, ранг, дизайн, зиччӣ, пайвастагӣ ва ҳаҷми кишти гулҳо баҳогузорӣ менамоянд. Ғолибон бо пешниҳоди хулосаи гуруҳи корӣ аз ҷониби Кумитаи тадорукот муайян карда шуда, бо мукофотҳо қадршиносӣ карда мешавад. Дар назар аст, ки баргузории ҷашни «Сайри гули Лола» ба ҳукми анъана даромада, минбаъд ҳар сол дар тамоми шаҳру ноҳияҳо баргузор карда шавад.

Апрель 11, 2014 19:32

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад