Дар Тоҷикистон ҷашни «Сайри гули Лола» доир мешавад
Имрӯз таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ нахустин ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба ташкил ва баргузор намудани ҷашни «Сайри гули Лола» баргузор шуд. Дар кори ҷаласа роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор ширкат варзиданд. Дар нахустҷаласаи Кумитаи тадорукот таҳияи Низомнома ва тартиби баргузории ҷашни «Сайри гули Лола» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зикр гардид, ки ҷашни «Сайри гули Лола» бояд ҳар сол дар фасли баҳор доир гардида, мақсад аз баргузории он эҳёи суннатҳои ниёгон дар тарғиби ҳисси зебоипарастӣ, ободу зебо гардонидани муҳити зист, талқини хислати гулпарварӣ миёни шаҳрвандон, нигоҳдории арзишҳои табиӣ ва дар ин замина ҷалби сайёҳон ва рушди соҳаи туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тибқи қарори Кумитаи тадорукот гуруҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг, кумитаҳои телевизион ва радио, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, иттифоқҳои нависандагон, рассомон, суратгирон, дизайнерон ва коршиносон таъсис ёфт. Гуруҳи мазкур давоми ҳафтаи оянда аз гулбоғҳои пойтахт ва маҷмааҳои давлатӣ боздид намуда, вобаста ба сифат, ранг, дизайн, зиччӣ, пайвастагӣ ва ҳаҷми кишти гулҳо баҳогузорӣ менамоянд. Ғолибон бо пешниҳоди хулосаи гуруҳи корӣ аз ҷониби Кумитаи тадорукот муайян карда шуда, бо мукофотҳо қадршиносӣ карда мешавад. Дар назар аст, ки баргузории ҷашни «Сайри гули Лола» ба ҳукми анъана даромада, минбаъд ҳар сол дар тамоми шаҳру ноҳияҳо баргузор карда шавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






