Дарёфти беҳтарин қории Қуръон
Душанбе, 30.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Имрӯз дар Маркази равобити пойтахт озмуни навбатии ҷумҳуриявии «Ҳифз ва қироати Қуръони карим» оғоз гардид. Ин чорабинии фарҳангӣ бо сарпарастии Сардори Давлат Эмомалӣ Раҳмон, ташаббуси Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам созмон дода шуда, дар он 35 нафар қориёни Қуръони азимушшаън аз саросари кишвар, ки дар давраҳои минтақавии озмун дар шаҳру ноҳияҳо ғолиб омадаанд, иштирок доранд.
Қориёни Қуръон дар ҳифзи кулли Қуръони карим бо риояи таҷвиду тафсири сураи “Бақара” ва “Оли Имрон”, ҳифзи кулли Қуръони карим бо зикри номи сураву рақами оят ва саҳифа, ҳифзи кулли Қуръони карим ва ҳифзи матни “Чиҳил ҳадис”-и Имом Нававӣ, ҳифзи кулли Қуръони карим бо риояи таҷвид ва ҳифзи 20 ҷузъи Қуръони карим қувваозмоӣ менамоянд.
Дар маросими ифтитоҳи озмун раиси Шӯрои уламои кишвар Саидмукаррам Абдулқодирзода, намояндаи дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар Абдулкарим Мустафоқулов ва ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон Сулаймон Давлатов ширкат доштанд.
Тибқи иттилои Қобилҷон Ҷалилов, мудири шуъбаи равобити хориҷии донишкадаи исломӣ, ҳадафи баргузории ин озмун дарёфти беҳтарин қориёни Қуръони маҷид ва тарғиби маърифати қуръонӣ мебошад.
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳифз ва қироати Қуръон» 2 май ҷамъбаст гардида, беҳтарин қориёни Қуръон бо ҷоизаҳо сарафароз гардонида мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






