Даври ниҳоии бозиҳои варзишӣ дар кишвар

Апрель 30, 2014 16:47

Душанбе, 30.04.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Аз 1-уми май то 6-уми июн марҳилаи ниҳоии Бозиҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.
Тавре ки дар ин бора сомонаи Кумитаи олимпии кишвар хабар додааст, Бозиҳои варзишии Тоҷикистон, ки бо мақсади рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар кишвар, ҷалби ҳарчи бештари аҳолӣ ба варзиш ва муайян намудани ҳайатҳои дастаҳои мунтахаби мамлакат мебошад, дар се марҳила баргузор гардиданд. Марҳилаи якум нимаи дуюми моҳи марти соли ҷорӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, марҳилаи дуюм, ки моҳи апрел доир шуд, мусобиқоти вилоятӣ, минтақавӣ ва шаҳри Душанберо дар бар гирифт. Дар марҳилаи сеюм ва ниҳоӣ дастаҳои мунтахаби вилоятҳо, шаҳру навоҳии тобеи марказ, водии Рашт ва пойтахти кишвар ширкат меварзанд. Ба барномаи бозиҳо 10 навъи варзиш — баскетбол, бокс, варзиши сабук, волейбол, таэквон-до ВТФ, инчунин 5 навъи гӯштин — миллӣ, озод, юнониву румӣ, дзю-до ва самбо шомиланд. Занон дар 5 намуд — баскетбол, бокс, варзиши сабук, волейбол ва таэквон-до ВТФ рақобат хоҳанд кард. 
Ба гуфтаи Раҳматшо Камолов, мусобиқот аз рӯи барномаи бозиҳо дар беҳтарин иншооти варзишии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Истаравшан ва ноҳияи Рашт баргузор мешаванд. Маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои варзишии кишвар рӯзи 8-уми май дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон доир хоҳад шуд. 
Гуфта мешавад, ки Бозиҳои варзишии ҷумҳурӣ, инчунин мақоми чемпионати Тоҷикистонро дар намудҳои алоҳида дороянд. Бинобар ин бар асоси низомномаи бозиҳо дар мусобиқот ширкати варзишгарони касбие, ки Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кардаанд, ҳатмист. 
 
 
 
 
 

Апрель 30, 2014 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард