Дуздӣ аз ҷониби ноболиғон
Душанбе, 25.04.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Тавре ки маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад, ба ШВКД ноҳияи Панҷ шаҳрванд Ҳайдар Маҳмадов, соли таваллудаш 1969, сокини ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки шаби 12 ба 13-уми апрели соли ҷорӣ шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозаи шахсиаш, вокеъ дар кӯчаи Рӯдакӣ шуда, аз он ҷо 1 адад камераи тамғаи «Soni», 5-адад таҷҳизоти сабти мусиқӣ (мр3), 25 адад таҷҳизоти гӯшкунак, 25 дона батарейка ва ғайраро ҷамъ ба маблағи 4020 сомонӣ дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар ҷинояти дуздӣ ду ноболиғ, хонандагони мактаби таҳсилоти умумӣ боздошт гардиданд.Тибқи иттилои манбаъ аз рӯиӣ ҳодисаи мазкур тафтиш идома дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






