Э.Раҳмон: «Варзиш-омили ташвиқи ҳаёти солим»
Душанбе, 5.04.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Яке аз омили муҳим дар тарбияи дурусти насли ояндасоз — оммавигардонии варзиш, ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва фароҳам овардани шароити муосир барои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар байни мардум, пеш аз ҳама, наврасону ҷавонон маҳсуб меёбад, таъкид намуд Сарвари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо намояндагони ҷавонони болаёқати вилояти Суғд.
Президенти мамлакат ҳамчунин гуфт, ки дар вилояти Суғд дар ин самти муҳим тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар ин замина солҳои 2011-2013 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 300 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 5 варзишгоҳ, маҷмааҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ ва толору майдончаҳои варзишӣ сохта ё таъмиру тармим карда шудаанд.
Дар ҷараёни суханронии хеш Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин иброз дошт, ки масъалаи дар буҷетҳои маҳаллӣ зиёд кардани маблағгузории соҳаи варзиш ва равона намудани қисми маблағҳои аз ҳисоби иҷрои барзиёди буҷет бадастомада барои рушди ин соҳа, ки дар мулоқоти Сардори давлат бо варзишгарони кишвар аз 20 декабри соли 2010 таъкид гардида буд, татбиқи худро ёфта истодааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






