Э.Рахмон: Мақоми милитсия баланд бардошта шавад
Душанбе, 24.04.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). — «Дар раванди пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бо унсурҳои ҷинояткор вусъат бахшидани ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус мақомоти милитсия бо аҳолӣ хеле муҳим мебошад», — иброз дошт зимни Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.Сарвари Давлат ҳамчунин зикр намуд, ки бо мақсади таҳкими чунин ҳамкориҳо ҳанӯз моҳи июни соли 2012 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» интишор гардид.«Вале, бо назардошти шароити имрӯза зарур аст, ки самтҳои асосии чунин ҳамкориҳо дар доираи барномаи алоҳидаи давлатӣ ба танзим дароварда шаванд.Аз ин рӯ, Вазорати корҳои дохилӣ вазифадор мешавад, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар таъмин кардани тартиботи ҷамъиятӣ лоиҳаи барномаи ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ бо аҳолиро таҳия ва ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намояд», — афзуд Президенти кишвар.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






