Фарҳанг — самти муҳими ҷомеа

Апрель 24, 2014 15:23

Душанбе, 24.04.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Тавре ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ зикр намуд,- «Дар сиёсати иҷтимоии давлат соҳаи фарҳанг яке аз самтҳои муҳим ба шумор меравад, зеро дар баробари пешрафти дигар соҳаҳои иҷтимоӣ рушди устувори ҷомеаро бе инкишофи бонизоми фарҳанг тасаввур кардан душвор аст».
Имрӯз тамоюли ҷаҳонишавии фарҳанг аз ҷумлаи мушкилоти ҷаҳонии асри ХХI мебошад. Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз раванди босуръати ҷаҳонишавӣ ва падидаву зуҳуроти мусбату манфии он дар канор буда наметавонад. Вобаста ба ин, мо бояд имрӯз низоми нави рушди соҳаи фарҳангро ташаккул диҳем, ки мазмуну мундариҷаи он ба ташаккули симои нави маънавии инсон таъсири амиқ гузошта, тафаккур, заковати фитрӣ, маънавиёт, майлу рағбати зебоипарастӣ ва ҳунари эҷодгариву анъанаҳои бузурги фарҳангсолории халқамонро инкишоф диҳад,-афзуд Эмомалӣ Раҳмон.
Сарвари Давлат таъкид намуд, ки иҷрои ин рисолати муҳимми миллӣ, ҳамчунин дар зеҳни насли наврас ва ҷавонон решадор сохтани ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ба раванди ободониву созандагӣ даъвату сафарбар намудани мардум вазифаи аҳли зиё низ мебошад.
 

Апрель 24, 2014 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад