Фархор: фабрикаи ресандагии «Фаррес» фаъол мегардад

Апрель 21, 2014 15:50

Фархор,  21.04.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Дар ноҳияи Фархор  истеҳсоли маҳсулотҳои саноатӣ сол аз сол афзоиш ёфта,  масъулини корхонаҳо истеҳсоли маҳсулоти худиро дар бозорҳои дохилӣ  таъмин менамоянд. 
Тавре  ки сармеъмори ноҳия Саидобид Ҳафизов  иброз дошт, то ин давра   корхонаҳои саноатии ноҳия  ба миқдори  14 млн. 327 ҳазору 500 сомонӣ  маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки он ба  48% -и нақшаи ҳамин давраи соли гузашта баробар мебошад.  Саноатчиён дар се моҳи соли ҷорӣ   371 тонна  нахи пахта,  144 тонна равған,  1941 тонна орд, 192,2 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ истеҳсол намуданд.  
Бо мақсади таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар назар дошта шудааст, ки  моҳи апрели соли ҷорӣ  фабрикаи ресандагии ҶДММ  «Фаррес»  ба кор шуруъ намуда,  инчунин дар ҷамоати деҳоти Зафар  бо ибтикори соҳибкор  Акбаршоҳ Неъматов  сохтмони  фабрикаи ресандагӣ, ки  иқтидори солонааш  коркарди 4000 тонна  нах мебошад,  дар моҳи майи соли ҷорӣ оғоз гардад.

Апрель 21, 2014 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд