Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 17, 2014 17:07

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи Сафири Фавқулодда
ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар Туркманистон озод намудани
Ашӯр Абдураҳим
 
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Ашӯр Абдураҳим бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
17 апрели соли 2014
№188
 
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Сафири Фавқулодда ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон
таъин намудани Собиров М.Н.
 
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Собиров Маҳмудҷон Носирович Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
17 апрели соли 2014
№189
 
 

Апрель 17, 2014 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш