Фавти кӯдакони навзод ду баробар кам шудааст
Душанбе, 21.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Тавре ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 апрели соли 2013 зикр кард, аз соли 2006 то соли 2013 андозаи нафақа чоруним баробар зиёд гардида, ҳаҷми маблағгузории он аз 212 миллион сомонӣ ба 1,6 миллиард сомонӣ расидааст, яъне ҳафтуним баробар афзоиш ёфтааст.
Дар натиҷаи амалишавии чораҳо сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат аз 81 фоизи соли 1999-ум то 38 фоиз паст гардид, яъне қариб 45 банди фоизӣ коҳиш дода шуд.
Паст шудани сатҳи камбизоатӣ асосан натиҷаи рушди иқтисодӣ ва таъмин гардидани суботи макроиқтисодиву иҷтимоӣ мебошад.
Дигар далели беҳтар шудани вазъи иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ин баланд шудани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар аст, ки боиси тадриҷан камшавии нишондиҳандаҳои фавти модару кӯдак, зиёд шудани дарозумрӣ ва афзоиши табиии аҳолии мамлакат гардидааст.
Агар дар соли 2000-ум дарозумрии сокинони мамлакат ба ҳисоби миёна 68,2 солро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2011-ум ба 72,5 сол баробар шудааст.
Инчунин тибқи таҳқиқоти гузаронидашуда нишондиҳандаи фавти модарон дар соли 2010 нисбат ба соли 2005 12 фоиз паст гардида, фавти кӯдакони навзод дар ин давра ду баробар кам шудааст.
Ҳамзамон бо ин, агар дар соли 2000-ум беш аз 167 ҳазор нафар кӯдак таваллуд шудааст, пас ин нишондиҳанда дар соли 2012 ба 220 ҳазор нафар баробар гардидааст, ки 25 фоиз зиёд мебошад.
Дар натиҷа шумораи аҳолии мамлакат аз 6,1 миллион нафари соли 2000-ум то ба имрӯз беш аз 30 фоиз афзоиш ёфта, ба зиёда аз 8 миллион нафар расидааст, — таъкид шудааст дар Паём.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






