ФФТ беҳтаринҳои моҳи мартро муайян кард

Апрель 3, 2014 10:37

Душанбе, 03.04.2014 (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).-Федератсияи футболи Тоҷикистон беҳтарин мураббӣ, беҳтарин бозингар ва беҳтарин доварро дар моҳи март муайян кард.
Тавре ки дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи кишвар хабар додааст, беҳтаринҳои моҳи март аз рӯи натиҷаи бозиҳои Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Суперҷоми кишвар муайян шуданд. 
Ба иттилои манбаъ, Мубин Эргашев, сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе- беҳтарин мураббӣ, легионер аз Гана Дэвид Мауто, ҳамлагари дастаи “Истиқлол”- беҳтарин бозингар ва Хуршед Дадобоев аз Хуҷанд- беҳтарин довар дар моҳи март эълон шуданд.
Гуфта мешавад, ки ба ҳар кадом беҳтарини моҳи март ба маблағи 500 сомонӣ ҷоизапулӣ супурда мешавад. 

Апрель 3, 2014 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд