Фурудгоҳи Душанбе ба реҷаи тобистона гузашт

Апрель 5, 2014 09:48

Душанбе, 05.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). —  Мутобиқи ҷадвали тобистонаи парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Маскав шабонарўзӣ 4 рейс дар назар дошта шудааст ва ҳар ҳафта дар ин самт 28 парвоз амалӣ мешавад. Парвозҳоро ширкатҳои ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», «Сомон эйр» ва «Ют эйр» анҷом медиҳанд. 
Оғоз аз 14 апрели соли ҷорӣ ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» тасмим гирифтааст дар хатсайри Душанбе-Гуанҷоуи кишвари Чин парвозҳоро амалӣ намояд. Алъон дар назар аст парвозҳо ҳафтае як маротиба, рўзи душанбе сурат гиранд.
Чадвали тобистонаи парвозҳо аз 30-юми март то 30-юми июни соли ҷориро дар бар мегирад. 
Мутобиқи ҷадвали тобистонаи парвозҳо дар айни замон бо фурудгоҳи Душанбе   20 ширкати ҳавопаймоӣ ҳамкорӣ менамояд. Дар назар аст, дар ҳамин давра ду ширкати дигари ҳавопаймоӣ-«Эйр Арабиан» дар хатсайри «Шарҷа-Душанбе-Шарҷа» ва ширкати ҳавопаймоии «Международные авиалинии» дар хатсайри Киев-Душанбе-Киев ба фаъолият шурўъ кунанд. Бо роҳандозӣ намудани хатсайрҳои номбурда теъдоди ширкатҳои ҳавопаймоие, ки бо фурудгоҳи Душанбе ҳамкорӣ доранд, ба 22 адад мерасад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» М. Шодиев хабар дод.

Апрель 5, 2014 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст