Футболбозони наврас ба «Ҷоми Каспий» мераванд
Душанбе, 16.04.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Каспий» дар шаҳри Боку иштирок хоҳад кард. Мусобиқаи мазкур аз 28-уми май то 6-уми июни соли равон дар пойтахти Озарбойҷон бо ширкати 12 дастаи мунтахаб дар чаҳор гурӯҳ баргузор мегардад. Тавре ки дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи кишвар хабар додааст, дар мусобиқа футболбозони то 17-сола ширкат меварзанд. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон аз рӯи натоиҷи қуръакашӣ ба гурӯҳи «С» шомил шуд ва бо тимҳои Ҷопон (29-уми май) ва Гурҷистон (30-юми май) рақобат хоҳад кард.Гуфта мешавад, ки дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои аввалро мегиранд, ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд. Дастаҳое, ки ҷойҳои дувумро соҳиб мешаванд, барои ҷойҳои 5-8-ум ва дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо дар ҷойҳои охирин қарор мегиранд, барои ҷойҳои 9-12-ум талош хоҳанд кард.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






