Гуфтори Д. Коник дар бораи сарфаи нерӯи барқ
Душанбе, 17.04.2014. (АМИТ «Ховар, Екатерина Пасторова). — Мушовири бахши стратегии Бонки умумиҷаҳонӣ Дмитрий Коник, ки бо даъвати Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» барои боздиди расмӣ ба шаҳри Душанбе омадааст, зимни сӯҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» дар мавриди ҳалли масоили ҳамкории кормандони низоми энергетикии кишвар бо истифодабарандагони барқ нақл кард.
Мавсуф зикр намуд, ки мақсади асосии сафараш ба Тоҷикистон иборат аз расонидани кӯмак ба ширкати «Барқи тоҷик» барои роҳандозии равобит бо истифодабарандагони нерӯи барқ аст.
— Имрӯз, ки захираҳои нерӯи барқ кифоят намекунанд, вазифаи ширкати «Барқи тоҷик» иборат аз фаҳмонидани ин қазия ба аҳолии кишвар аст, — қайд намуд Дмитрий Коник.
Хотирнишон месозем, ки сафари Дмитрий Коник ба Тоҷикистон то охири ҳафтаи ҷорӣ давом карда, номбурда дар ҷараёни он бо намояндагони вазорату идораҳои кишвар мулоқот анҷом медиҳад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






