Гулҳои Душанбе- ороиши Хоруғ
Хоруғ, 22.04.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Барои ободу зебо гардондани кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хоруғ кормандони Корхонаи фаръии манзилию коммуналии шаҳр аз пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе анвои мухталифи тухми гулҳоро оварда, муддате дар гармхона парвариш намуданд. Мутахассиси сохаи муҳити зист Булбул Нурбеков гуфт, ки чунин намуди гулҳо бори нахуст дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр шинонда мешавад ва пас аз шукуфтан табъи ҳар бошандаро шод хоҳанд кард. Дар гармхонаи ин корхона 24 намуди гулҳои рангоранг парвариш мешавад, ки кӯчаҳо ва гулгаштҳои шаҳрро оро хоҳанд дод.
Мавсими кабудизоркунии гулгашту хиёбонҳои шаҳри Хоруғ ба иллати дер фаро расидани фасли гармо одатан аз якуми май оғоз мегардад. Ба гуфтаи Булбул Нурбеков дар маҷмӯъ, дар дохили гармхона 24 намуд ниҳоли гулҳо мавҷуд аст ва онҳо дар аввали моҳи май дар кӯчаву гулгаштҳо ва хиёбонҳои шаҳр шинонда хоҳанд шуд.
Бино ба гуфтаи масъулини ин корхона дар навбати аввал гулгаштҳои қад- қади роҳи асосӣ, майдони ба номи Исмоили Сомонӣ ва хиёбонҳо гулкориву кабудизор мешаванд ва пасон боқимондаи ниҳоли гулҳо дар саҳни биноҳои идораву муассисаҳое, ки дар роҳи асосӣ бунёд гардидаанд, шинонда мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






