Гузашти низомӣ доир намешавад
Душанбе, 29.04.2014. (АМИТ «Ховар, Екатерина Пасторова). – Тавре ки аз Вазорати мудофиаи ҶТ хабар доданд, имсол гузаштҳои низомӣ ба ифтихори 69 — солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар фашизм доир намешаванд.
Назар ба хабари манбаъ, 9 май дар боғи Ғалабаи пойтахт маросими анъанавии гузоштани гулчанбарҳо барои ёдбуди хотираи шаҳрвандони дар муҳорибаҳои ҶБВ ҳалокгардидаи Тоҷикистон баргузор мегардад.
Иштироки хешу таборони сарбозону афсарони гарнизони шаҳри Душанбе, собиқадорон ва иштироккунандагони ҶБВ, намояндагони аҳли ҷамъият дар маросими гулгузорӣ дар назар аст. Дар анҷоми чорабинии ботантана сарбозони ду қисми ҳарбии Артиши миллии Тоҷикистон қасами садоқат ба Ватан ёд мекунанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






