Хуҷанд: Насби таҷҳизоти тиббӣ бо арзиши 1 млн. $
Душанбе, 16.04.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Дар бахши хуҷандии бемористони Ибни Сино дастгоҳи нави олмонии «Ангиография» васл гардид.
Ба иттилои сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар маросими ба фаъолият оғоз кардани ин таҷҳизоти дилшиносӣ раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода низ иштирок намуд.
Арзиши ин дастгоҳ 1 миллион доллари ИМА буда, он дар Олмон истеҳсол шудааст. Ба гуфтаи муовини директори беморхонаи Ибни Сино Сарҳад Бобоалиев дастгоҳи мазкур хусусан барои муайян кардани бемориҳои рагҳои узвҳои бадан ва ишемияи дил муфид буда, минбаъд ба воситаи ин таҷҳизот гузаронидани ҷарроҳии дил низ дар назар дошта шудааст.
Ёдрас мекунем, ки беморхонаи ибни Сино 22-марти соли 2013-ум ба фаъолият шурӯъ намуд ва дар он асосан маризоне, ки бемории қалб доранд, табобат мегиранд.








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






