Хуҷанд: Озмуни ҷумҳуриявӣ оид ба равияи гуманитарӣ
Хуҷанд, 29.04.2014 (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).- 25-26 апрел дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд даври хотимавии олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар равияи фанҳои гуминатарӣ баргузор гардид. Олимпиада аз рӯи фанҳои таълими забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, таърих, фалсафа ва сиёсатшиносӣ ҷараён гирифта, дар он наздик ба 200 нафар донишҷӯи беҳтарини муасисаҳои таҳсилоти касбӣ аз 28 донишгоҳу донишкадаи олии мамлакат фаъолона ширкат варзиданд.
26 апрел ҳайати кумитаи тадорукоти олимпиада озмунро ҷамъбаст ва ғолибонро муайян намуда, онҳоро бо туҳфаҳои молӣ, ифтихорнома ва дипломҳои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон қадршиносӣ намуданд.
Ғолибон бо дипломҳои дараҷаҳои 1, 2, 3-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва туҳфаҳои молӣ мукофотонида шуданд.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» проректори Донишгоҳи давлатии ҳукуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар бахши тарбия дар шаҳри Ҳуҷанд Мадина Набиҷонова иттилоъ дод.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






