Иҷлосияи ҳаштуми Гурӯҳи мақсадноки Тоҷикистон-САҲА

Апрель 3, 2014 09:42

 
Душанбе, 3.04.2014 (АМИТ «Ховар»).- 2 апрели 2014 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи ҳаштуми Гурӯҳи мақсадноки Тоҷикистон-САҲА доир гашт.
Иҷлосияи мазкур ҳамасола дар якҷоягӣ бо Дафтари САҲА ҷиҳати баррасии раванди ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва муайян кардани самтҳои ҳамкориҳои оянда баргузор мешавад.
Дар иҷлосияи имсола муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидов сухан ронда, раванди ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва САҲА-ро мавриди арзёбӣ қарор дод ва авлавиятҳои кишварро дар муносибатҳо бо ин созмони бонуфузи минтақавӣ таъкид намуд.
Дар иҷлосия намояндагони котиботи САҲА, вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандии кишвари мо иштирок намуданд.
 
 

Апрель 3, 2014 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш