Иҷрои андози иҷтимоии семоҳа-100%
Душанбе, 16.03.2014. (АМИТ «Ховар»). — Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҷаласаи ҷамъбастӣ зикр гардид, ки иҷрои нақшаи ҷамъоварии андози иҷтимоӣ дар семоҳаи якуми соли 2014 ба андозаи 463,6 млн. сомонӣ, яъне 100,02 фоиз таъмин гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 94,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад.Маблағгузории пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳои иҷтимоии марбути низоми суғуртаи давлатии иҷтимоӣ дар давраи ҳисоботӣ 458,4 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 101 млн. сомонӣ ё 30,2 фоиз зиёд мебошад. Бо мақсади амалӣ намудани чорабиниҳои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҷиҳати солимгардонии меҳнаткашон ва аъзои оилаи онҳо дар семоҳаи якум ба маблағи 446,6 ҳазор сомонӣ ба мақомоти мазкур маблағ гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 129,6 ҳазор сомонӣ ё 40,88 фоиз зиёд мебошад. Ҷиҳати ҷуброни хароҷоти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» барои хизматрасонӣ ба нафақагирон дар давоми се моҳи соли равон ба маблағи 8 млн. сомонӣ маблағгузорӣ гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,5 млн сомонӣ ё 4,4 маротиба афзоиш ёфтааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






