Ифтитоҳи меҳмонхонаи Хуҷанд — делюкс
Душанбе, 2.04.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дар соҳили рости Сирдарё аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи чаҳорошёнаи Хуҷанд – делюкс, ки аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Абдуқодир Абдураҳмонов ба маблағи 1,5 млн. сомонӣ бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Тавре иттилоъ доданд, меҳмонхона бо 20 ҳуҷра дорои 35 кати хоб буда, дар он 30 нафар бо кори доимӣ ва маоши миёнаи 800 сомонӣ таъмин мешаванд.
Ҳуҷраҳои меҳмонхона бо сатҳу сифати баланд ба таври аврупоӣ ва миллии тоҷикӣ ороиш ёфта, бо мебели замонавӣ ҷиҳозонида шудааст.
Деворҳои ҳуҷраҳо бошад, бо расмҳои гуногуни табиати кишвар ва ба тарзи миллӣ ва аврупоӣ, инчунин панно – сӯзаниҳо оро дода шудааст.
Меҳмонхона, ҳамчунин дорои коргоҳи хушкашӯии сару либос ва тарабхона бо 80 ҷойи нишаст буда, ҳамаи хизматрасониҳо бо дараҷаи 4 ситора ба роҳ монда шудааст.
Дар ошёнаи якуми меҳмонхона дар пайравӣ ба ҳидоятҳои хайрхоҳонаи Сарвари давлат хатнасури 50 нафар писарчаҳо аз хонаводаҳои ниёзманд ороста шуд. Ба ҳар яки онҳо аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои арзишманд супурда шуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






