Имтиҳонҳои эчодӣ ва маҳорат дар ММТ
Душанбе, 17.04.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки тибқи банди 5 фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба анҷоми соли таҳсили 2013-2014, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ” (аз 18.02.2014 № 315) аттестатсияи хатми синфҳои 11(12) аз 9 -ум то 24-уми июн гузаронида мешавад.
Аз ин рӯ, имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорат пас аз супоридани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорат қабул менамоянд, аз 10-ум то 19-уми июл (вобаста ба гурӯҳи ихтисосҳо) баргузор мегарданд
Хотиррасон менамоем, ки довталабон бояд то оғози имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорат барои гирифтани маълумоти муфассал доир ба дарсҳои машваратӣ (консултатсия), талабот нисбат ба довталабон барои ҳар як намуди санҷиш ва ҷадвали мушаххаси имтиҳонҳо бевосита ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки интихоб намудаанд, муроҷиат намоянд.
Дар ин бора Ситорабону Назарова, сухангӯи дафтари матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти ҷумҳурӣ иттилоъ дод.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






