Имзои Ёддошти тафоҳум дар ВКД
Душанбе, 18.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Имрӯз, 18-уми апрел вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии аъзои Шӯрои давлатӣ, вазири бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Го Шенкун вохӯрд.
Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин барои дастгирӣ ва ҳамкорӣ дар мубориза алайҳи терроризм, экстримизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар зуҳуроти наматлуб миннатдорӣ баён намуд. Вазир аз ҷумла зикр намуд, ки дар 5 соли охир аз ҷониби мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ беш аз 16 тонна маводи нашъадор мусодира гардид, ки дар ин самт саҳми ВКД низ назаррас мебошад.
Дар вохӯрӣ инчунин зикр шуд, ки Президенти мамлакат ба ҳамкории дуҷонибаи ҳарду вазорат диққати зиёд медиҳад.
Ҷониби Чин низ омодагии худро барои вусъат додани ин ҳамкориҳо дар оянда баён намуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳои дуҷониба байни Вазорати корҳои дохилии ҶТ ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба имзо расониданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






