Интиқоли зиёда аз 12 миллиони ФБД ба буҷа
Душанбе, 10.03.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). –«Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» фаъолияти семоҳаи соли 2014-ро ҷамъбаст кард. Дар семоҳаи аввали соли 2014 ба 171,704 мусофири рафта ва 137,429 мусофири омада, дар маҷмўъ ба 309,133 нафар мусофир хизмат расонид. Миқдори умумии бор, почтаи қабулгардида ва интиқолдодашуда аз ҷониби анбори тиҷоратии фурудгоҳ 548 тоннаю 649 кг- ро ташкил дод.
Ба буҷети давлатии Чумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввал 12 млн 742 ҳазору 787 сомонӣ гузаронида шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ хадамот ва шуъбаҳои фурудгоҳ мутобиқи меъёрҳои муайяншуда амал намуда, амнияти авиатсионӣ, мусофирон, бор ва бағоҷро пурра таъмин намуданд. Мутобиқи талаботи аз ҷониби умум пазируфташудаи меъёрҳои байналхалқӣ амнияти пурраи авиатсионӣ тавассути воситаҳои гуногуни муоинаи мусофир, бор ва бағоҷ, системаи мушоҳидаю сабти видеоӣ таъмин шуд.
Беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ, такмили маҳорату малакаи касбии кормандон, пурзӯр кардани низоми амният, мустаҳкам намудани интизоми меҳнат, пурзӯр кардани назорат нисбат ба пешгирии вуруди бемориҳои сирояткунанда ба қаламрави ҷумҳурӣ ва сарфаю сариштакорӣ афзалиятҳои асосии рушди фурудгоҳи Душанбе ба ҳисоб меравад,- иброз гардид дар ҷамъбасти ҷаласа.
Дар ин бора котиби матбуоти «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» М. Шодиев ба АМИТ «Ховар» хабар дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






