Исфара: 100 ихтиёрӣ омодаи хизматанд

Апрель 4, 2014 15:35

Исфара, 4.04.2014. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода). — Нахустин бор дар соли ҷорӣ чорабинӣ оид ба фиристодани даъватшудагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон  дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд баргузор гардид.
 
 Бо ин мақсад дар майдони марказии шаҳр маросим доир шуд. Дар ин рӯз ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар беш аз 100 ҷавон  ихтиёрӣ барои хизмат омаданд.
 
  Дар вохӯрӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи шаҳрӣ, комиссариати ҳарбӣ , ҳамчунин собиқадорони ҷанг ва меҳнат , роҳбарони ҷамоатҳо ва маҳаллаҳои ноҳия , волидони наваскарон  иштирок намуданд. Иштироккунандагони чорабинӣ ба наваскарон мардонагӣ ва матонатро дар хизматашон орзу намуданд. Чорабинии идона бо барномаи консертӣ ба охир расид.

Апрель 4, 2014 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш