Иштироки Тоҷикистон дар форуми Сеул
Душанбе, 22.04.2014 (АМИТ «Ховар»).-22 апрели соли 2014 дар Сеул иҷлосияи ҳаштуми Форуми ҳамкории“Ҷумҳурии Корея — Осиёи Марказӣ” баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидов иштирок намуд. Дар маросими ифтитоҳи форум роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, таваҷҷуҳи амиқи Тоҷикистонро ба рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба дар доираи форум ва истифодаи имконоти он дар таҳкими ҳамкорӣ ва рушди устувор дар минтақа таъкид намуд.
Дар доираи форум ҷаласаи махсус оид ба масъалаи баррасии ҳамкорӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея баргузор гардид. Иштирокдорони ҷаласа тасмим гирифтанд, ки гурӯҳи кориро доир ба масъалаи таъсиси котиботи Форуми ҳамкорӣ ташкил кунанд.
Дар чаҳор ҷаласаҳои алоҳидаи форум масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, ҳифзи муҳити зист, кишоварзӣ ва ҷангалпарварӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иштирокдорони форум аҳамияти муҳокимаҳои баргузоршударо таъкид намуда, зарурати татбиқи лоиҳаҳои мушаххасро, ки манфиатҳои умумии кишварҳои узви форумро таҷассум мекунанд, таъкид карданд.
Дар доираи форум мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷӣ Н. Зоҳидов бо муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Чо Тэ-ёнг баргузор гардид. Ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, манфиатдории муштараки худро ба истифодаи имконоти зиёди ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф изҳор намуданд. Дар мулоқот ҳамчунин имконоти тавсеаи заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми тарафайн муҳокима шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






