Ислоҳи камбудиҳо вазифаи ҳар як тоҷику тоҷикистонист
Душанбе, 24.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Тоҷикистониёне, ки имрӯз берун аз ватан, бахусус дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русия фаъолият мекунанд, аз дигаргуниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ иҷтимоиву фарҳангии кишвар тавассути ВАО, аз ҷумла шабакаҳои телевизиони марказӣ, Шабакаи якум, ТВС, ТВ Чаҳоннамо, ТВ Баҳористон ва радиоҳои Тоҷикистон имкон доранд маълумот пайдо намоянд.Баъд аз тамошои Паём дар суҳбат бо мо раиси ҷамъияти тоҷикони шаҳри Краснодар Нағзибек Нағзибеков изҳор дошт, ки Паёми Сардори Давлатро ба сифати дастурамал барои фаъолияти минбаъдаи ҷамъияти тоҷикони Краснодар истиқбол менамояд. Ба андешаи Нағзибек Нағзибеков, Сардори Давлат дар Паёми хеш, на танҳо самтҳои афзалиятноки сиёсати дохиливу хориҷии давлатро барои солҳои оянда муайян сохт, балки аз дастоварду комёбиҳо ва бархе аз масъалаҳои ҳалталаби ҷомеа низ сухан намуд, ки таҳкими дастовардҳо ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта вазифаи ҳар як тоҷику тоҷикистонии ватандӯсту поквиҷдон мебошад. Мо низ дар ин ҷода бобати боз ҳам тақвият бахшидани ин дастовардҳо ва аз ҳама муҳим, таҳкими сулҳу суботи кишвар ва ваҳдату ягонагии мардуми сарбаланди Тоҷикистони азиз тамоми кӯшишу заҳмати худро равона хоҳем сохт, -гуфт Нағзибек Нағзибеков.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






