Истиқболи гарм аз Паёми Президент дар Суғд
Хуҷанд, 23.04.2014. ( АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).-Дар вилояти Суғд Паёми Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро хуш истиқбол гирифтанд.
Бахусус дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд (сарвараш номзади илмҳои тиб Алимат Мавлонов), ки бештар аз 80 сол инҷониб дар таълиму тадриси кормандони миёнаи тиб саҳм мегузорад, Паём бо истиқболи гарм пазируфта шуд. Дар коллеҷ ҳоло зиёда аз 4 ҳазор муҳассил дар 8 ихтисос ва дар 4 бахш таҳсили илм менамояд. Қариб 200 нафар устоди соҳибихтисос ва донандаи касби худ ба таълими шогирдон машғул аст.
Имрӯз пас аз тамошои Паёми Сарвари Давлат устодон бори дигар ҷавононро ба донишандӯзию хизмат ба Ватан даъват карданд. Маҳз сиёсати хирадмандонаи Президенти ҷумҳурӣ аст, ки ҷавонон соҳиби илму маърифат ва ҳаёти осоиштаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






