Истифодаи кортҳои пластикӣ дар Кӯлоб
Кӯлоб, 19.4.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи минтақаи Кӯлоб дар се моҳи соли ҷорӣ хизматрасониро ба нафақагирон тибқи қарору қонунҳои ҶТ ба роҳ монда, корҳои назаррасеро ба анҷом расонид. Бинобар иттилои сардори раёсат Ҷӯрабек Қурбонов шумораи нафақагирон то ин давра 789 ҳазору 972 нафарро дар бар гирифта, талаботи моҳонаи нафақа 17 млн. 932 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ бо мақсади маблағгузории саривақтии талаботи нафақа ва дигар кумакпулиҳо ба суратҳисоби агентӣ аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорони инфиродӣ андози иҷтимоӣ ба маблағи 26 млн. 672 ҳазору 300 сомонӣ ворид гардид, ки ба онҳо андози иҷтимоӣ ва андози иҷтимоии 20 фоиза шомил мебошад. Пардохти нафақа аз ҷониби Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк» ба роҳ монда шуда, аз 9 шаҳру ноҳия фақат дар шаҳри Кӯлоб тартиби пардохт бо кортҳои пластикӣ ба роҳ монда шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






