Кӣ сазовори «Калидчаи заррин» гардид?

Апрель 3, 2014 10:38

Душанбе, 03.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Бо мақсади ташвиқу тарғиби риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор дар байни мактаббачагон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ ва зиёд намудани ифтихори миллии онҳо аз тарафи мутахассисони дидбонгоҳи алоҳидаи ҳарбии Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Варзоб дар ҳамкорӣ бо коршиносони сарраёсати ХДО ВКД ва Раёсати маорифи ноҳияи мазкур дар муассисаи таълимии №46-и ба номи Мирзоамин Ҳусейнови ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб, ки дар он зиёда аз 600 нафар муҳассил ва 39 нафар омӯзгор ба донишандӯзӣ ва фаъолият фаро гирифта шудаанд, озмуни «Калидчаи заррин» гузаронида шуд.
Дар озмун хонандагони синфҳои 3-юм байни худ қувваозмоӣ намуданд. Барои ҳарчӣ зиёдтар ба даст овардани холҳо дастаҳои «Сипар» ва «Оташак» кӯшиш намуданд, ки 5 шарти асосии озмунро бехато ва дар муддати кӯтоҳ иҷро намоянд. Аз рӯи натиҷаҳои дастаҳо ҳайати ҳакамон ҷойи аввалро ба дастаи «Сипар» ва ҷойи дуюмро ба дастаи «Оташак» сазовор донист.
Дар интиҳои чорабинӣ ба ғолибон ва иштирокчиёни озмун ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд. 

Апрель 3, 2014 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад