Картошка фаровон мешавад
Кўҳистони Мастчоҳ, 1.04.2014. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ).-Ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ минтақаи аграрӣ буда, кишоварзони ноҳия асосан ба парвариши картошка машғуланд. Тибқи маълумот дар ҳудуди Кўҳистони Мастчоҳ 63 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд аст, ки дар ихтиёри худ беш аз 10 гектар замини корами обӣ доранд.
Деҳқонони ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ нақшаи солонаи кишти картошкаро иҷро кардандДар ноҳия дар 2040 гектар картошка кишт шудааст, ки аз нақша 13 гектар зиёд аст.
Бояд гуфт, ки кишти картошка дар ноҳия сол то сол меафзояд. Аз ҷумла, соли гузашта дар ноҳия 7000 тонна картошка ҷамъ оварда шуд.
Соли равон деҳқонон масоҳати кишти ин зироатро 100 гектар зиёд карда, ният доранд, ки бештар аз 12 ҳазор тонна маҳсулоти баландсифати кишоварзӣ ба даст оранд. Аҳли заҳмати хоҷагиҳои «Роғ», «Валиғон», «Худдифи боло» ва «Санҷом» маъракаи киштро бармаҳал анҷом доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






