Кишти пахта дар кишвар 80% иҷро шуд

Апрель 29, 2014 11:13

Душанбе, 29.04.2014. (АМИТ «Ховар, Екатерина  Пасторова). – Аз охири  моҳи  март  то  27  апрел   дар  кишвар  дар  масоҳати 159 ҳазору  500  гектар  чигит  кишт  шудааст, ки  80  фоизи нақшаро ташкил  медиҳад.
Дар  ин  бора  аз Вазорати кишоварзии  ҶТ  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд.
Мувофиқи  маълумоти  манбаъ,   имсол  кишти  пахта  дар  масоҳати  199  ҳазору  451  гектар  замин  пешбинӣ  шудааст. 
Дар  вилояти  Хатлон  дар масоҳати  111  ҳазору  600  гектар  замин  чигит  кишт  шудааст, ки  84,4  фоизи  нақшаро ташкил  медиҳад.  Дар  вилояти  Суғд  нишондодҳои   кишти  пахта баробари  73,1  фоиз  ва дар  навоҳии тобеи  ҷумҳурӣ  баробари 55,8  фоиз мебошанд.  

Апрель 29, 2014 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш