Китобхонаи вилояти Суғд сомонаи худро фаъол месозад
Душанбе, 29.04.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхӯҷа Асирии вилояти Суғд ба наздикӣ сомонаи худро фаъол хоҳад кард.
Тавре ки аз китобхона хабар доданд, ҳадаф аз таъсиси сомона мубодилаи иттилоот бо китобхонаҳои кишвар буда, алҳол барои такмили сомона корҳои техникӣ идома доранд.
Гуфта мешавад, ки сомонаи китобхонаи вилоятӣ, ки бо кӯмак ва маблағгузории Раёсати фарҳанги вилоят фаъол мегардад, дорои маълумоти гуногун дар бораи китобхонаи вилоятӣ, филиалҳои он ва китобхонаи электронӣ мебошад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






