Китоби тозанашр туҳфа ба Рӯзи осорхона
Душанбе, 04.04.2014.АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Ифтитоҳи Осорхонаи миллӣ аз ҷумлаи рӯйдодҳои таърихӣ ва дастовардҳои муҳими фарҳангии даврони Истиқлолияти кишвари мост. Осорхона фақат махзани ёдгориҳои бостонию нодир нест, балки оинаи таърихи куҳанбунёди миллати тоҷик аст. Халқе, ки ба гузаштааш арҷ мегузорад, халқе, ки ҳофизаи қавии таърихӣ дорад, ҳатман осорхона бунёд мекунад.«Ахбори осорхонаи миллии Тоҷикистон»- таҳти чунин унвон дар остонаи ҷашни Рӯзи осорхонаҳо, ки ҳамасола 18 май таҷлил мегардад, нашриёти «ЭР-граф»китоберо ба тозагӣ нашр намуд.Шумораи нахустини китоби мазкур фарогири мавзӯъҳои муҳими осорхонашиносӣ, таърихӣ, сиккашиносӣ, бостоншиносӣ ва фарҳангӣ буда, дастранҷи олимону донишмандони ватанӣ ва хориҷӣ мебошад. Китоб бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мураттаб гардида, аз 176 саҳифа иборат аст. Мураттибон саъй намудаанд, ки дар китоб роҷеъ ба масоили осорхона, таърих, сиккашиносӣ, ва бостоншиносӣ беҳтарин мақолаҳои олимону донишмандони барҷаста, аз ҷумла А. Шарифзода «Истифодаи осорхонавии осори санъати тасвирӣ дар Тоҷикистон», З. Иброҳимов «Осорхона муаррифкунандаи шукӯҳи давлатдорӣ», Т. Шарифзода «Намунаҳои хушнависӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон», Х. Камол «Шақиқи Балхӣ ва мазори ӯ», Д. Довудӣ, А. Хоҷаев «Хулбук кай сохта шудааст?», Х. Сафаров «Роғ дар масири таърих» , С. Асоев «Нава Виҳара ё худ Навбаҳор-маркази дини буддоияи Тахористон», М. Набиева «Аз сарнавишти Н. Махсум ва А. Хоҷибоев», Д. Довудӣ, А. Темурӣ «Иштироки кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳафриёти Миси Айнаки Афғонистон» гирд оваранд.Китоб бо қарори Шӯрои илмии Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» чоп шудааст. «Ахбори осорхонаи миллии Тоҷикистон» барои доираи васеи хонадагон, хусусан мутахассисоне, ки дар самти осорхонашиносӣ, таърихӣ, сиккашиносӣ ва бостоншиносӣ фаъолият доранд, тавсия шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






