Конфронси байналмилалии ЛМИЗЭ
Душанбе, 07.04.2014. (АМИТ «Ховар, Анна Мошенко). — 5 ва 6 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе конфронси дурӯзаи муаллимон — иштирокдорони Лоиҳаи мактабӣ оид ба истифодаи захираю энергия баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо ибтикори Созмони экологии «Замини хурд» бо мусоидати Ҷамъияти ҳифзи табиати Норвегия роҳандозӣ шуд.
Мақсади асосии чорабинӣ иборат аз мубодилаи таҷрибаи мусбат ва иттилооти асосӣ, муҳокимаи рушди лоиҳаи ЛМИЗЭ дар макотиби минтақа ва таҳияи тавсияҳо барои фаъолияти минбаъда мебошад. Дар конфронс ҳамоҳангсозонии маҳаллии ЛМИЗЭ ва муаллимони фаъоли макотиби шаҳри Душанбе, водии Бартанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахщон, Кулоб, Қубодиён ва Хуҷанд – ҷамъ қариб 25 нафар иштирок доштанд.
Тавре ки корманди Созмони экологии «Замини хурд» Темур Идрисов хабар дод, дар ҳошияи конфронс ғолибону иштирокдорони озмуни байналмилалии «Энергия ва муҳити зист» мукофотонида шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






