Мақоми илм ва илмомӯзӣ дар ҷаҳони имрӯз

Апрель 9, 2014 14:48

Душанбе, 09.04.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Бо ташаббуси дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон, дирӯз бо иштироки корманди масъули дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Тоҳир Рашидӣ бо донишҷӯён ва хонандагони фаъоли китобхона — донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  дар мавзӯи “Мақоми илм ва илмомӯзӣ дар ҷаҳони имрӯз” вохӯрӣ доир гардид. 
Ҳамоишро директори Китобхонаи миллӣ Носирҷон Салимов ифтитоҳ намуд. Тоҳир Рашидӣ роҷеъ ба мақоми илм дар ҳаёти инсон, бахусус ҷавонон мулоҳизаронӣ намуд. Иштирокдорони ҳамоиш сари ин мавзӯъ андешаҳои худро баён намуда, дар мавриди паҳлӯҳои манфиати илм ва илмомӯзӣ табодули назар карда, пешниҳодҳои худро ироа  намуданд.  
Инчунин дар доираи  чорабинӣ намоиши «Китобҳои тозанашр доир ба илм»  ба маърази тамошо гузошта шуд.
 
 

Апрель 9, 2014 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд