Мақоми илм ва илмомӯзӣ дар ҷаҳони имрӯз
Душанбе, 09.04.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Бо ташаббуси дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон, дирӯз бо иштироки корманди масъули дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Рашидӣ бо донишҷӯён ва хонандагони фаъоли китобхона — донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Мақоми илм ва илмомӯзӣ дар ҷаҳони имрӯз” вохӯрӣ доир гардид.
Ҳамоишро директори Китобхонаи миллӣ Носирҷон Салимов ифтитоҳ намуд. Тоҳир Рашидӣ роҷеъ ба мақоми илм дар ҳаёти инсон, бахусус ҷавонон мулоҳизаронӣ намуд. Иштирокдорони ҳамоиш сари ин мавзӯъ андешаҳои худро баён намуда, дар мавриди паҳлӯҳои манфиати илм ва илмомӯзӣ табодули назар карда, пешниҳодҳои худро ироа намуданд.
Инчунин дар доираи чорабинӣ намоиши «Китобҳои тозанашр доир ба илм» ба маърази тамошо гузошта шуд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






