Мақсад: фаҳмонидани моҳияти фаъолияти ММТ
Душанбе, 21.04.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии тестӣ (ММТ)-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фаҳмондадиҳии моҳияти фаъолияти Маркази миллии тестӣ, тарзи супоридани имтиҳонҳои давлатӣ ба таври тестӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсӣ бо хонандагони синфҳои болоӣ ва волидони онҳо дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав, Файзобод, Роғун, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Ҷиргатол мулоқотҳои судманд доир намуданд.
Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, зимни мулоқотҳо бо довталабони шаҳру ноҳияҳои тобеъ, ки аз 13-ум то 20-уми апрел идома карданд, масъулин ҷавононро даъват карданд, ки аз фурсати муносиб истифода бурда, бештар аз қайд гузаранд ва бо хоҳиши худашон касби дӯстдоштаашонро интихоб кунанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






