Махсусиятҳои даъвати ҳарбӣ дар Ёвон
Душанбе, 8.04.2014. (АМИТ Ховар, Елена Батенкова). — Даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 1 апрел оғоз гардид.
Аз оғози давраи даъвати баҳорӣ ба ноҳияи Ёвон ба хизмат 47 нафар фиристода шуд. 17 -18 апрел боз 55 нафар барои хизмат ба Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон фиристода мешаванд. Айни ҳол ин ҷавонон дар Ҷамъияти Ихтиёрии Мададгори артиш ва флот (ҶИМАФ) маҳаллӣ таълим мегиранд. Пас аз анҷоми курсҳо онҳо соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ мегарданд.
Тибқи иттилои муовини раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон Зумрат Бобошоева барои таҳсил дар ҶИМАФ ҷавонон аз оилаҳои камбизоат ҷалб гардидаанд. Барои таҳсили ҳар як даъватшуда аз 700 то 800 сомонӣ сарф мегардад.
Қайд кардан бамаврид аст, ки таҷрибаи мазкур дар Ёвон 5 сол боз истифода мегардад.Хотиррасон менамоем, ки 15 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Рахмон зимни ҷаласаи навбатӣ ба масоили тарбияи мутахассисону афсарон дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ҳамчунин даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ диққати хоса зоҳир намуд. Сардори давлат супориш дод, ки методҳои ғайриқонунии даъват ба Артиши миллиро барҳам диҳанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






