Манъи истифодаи фонограмма дар «Андалеб-2014»

Апрель 16, 2014 14:22

  Душанбе, 16.04.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2014» бо иштироки фаъолонаи ҳаваскорони санъати ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ду навбат баргузор мегардад. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги кишвар иттилоъ доданд, даври аввали озмун аз 1 марти соли 2014 дар  маҳалҳо бо салоҳдиди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бо таъсиси кумитаҳои тадорукот ва ҳайати ҳакамон аз ҳисоби мутахассисони варзидаи соҳа, олимону адибон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия, раёсатҳо, шуъбаҳо, бахшҳои фарҳанг ва телевизиону радиои маҳаллӣ баргузор гардида, то 15 майи соли 2014 ҷамъбаст ва ғолибон муайян шуда, ба вазорат пешниҳод мегарданд.
Ғолибони даври аввали озмун аз ВМКБ ду дастаи ҳунарӣ, аз вилояти Суғд ду дастаи ҳунарӣ, аз вилояти Хатлон (минтақаи Кӯлоб ва Қурғонтепа) чор дастаи ҳунарӣ интихоб гардида, ба даври дуюм ҳуҷҷатҳо оид ба ҷамъбасти озмун- протоколҳои ҳайати ҳакамон, барномаҳои ҳунарӣ, руйхати иштирокчиён ирсол мегарданд.
Даври дуюми озмун аз 4 то 22 августи соли 2014 бо иштироки дастаҳои ҳунарии ғолиб аз шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷўраев доир мегардад.
Дар доираи барномаҳои фестивал-озмун истифодаи фонограмма, асбобҳои барқии мусиқӣ, ҷалби ҳунармандони касбӣ (ғайр аз коргардон ва устоди рақс), ҳаваскорони дигар маҳалҳо, либосҳо ва жанрҳое, ки дар низомномааи мазкур зикр нагардидаанд, (хор, эстрада), нигораҳои осорхонаҳо манъ аст.
 

Апрель 16, 2014 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд