Марҳилаи ниҳоии бозиҳои варзишӣ дар ҷумҳурӣ
Душанбе, 29.04.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Бо мақсади оммавияти варзиш, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушду густариши тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар кишвар дар доираи барномаи рушди тарбияи бозиҳои варзишии ҷумҳурӣ аз рӯи 10 намуд: гӯштини миллӣ, юнонию румӣ, тарзи озод, самбо, бокс, дзюдо, таэквондо (ВТФ), баскетбол, волейбол ва варзиши сабук дар се марҳила: марҳилаи аввал нимаи дувуми моҳи март дар шаҳру навоҳӣ; марҳилаи дуввум моҳи апрел дар шаҳри Душанбе, минтақа ва вилоятҳо доир гашта, марҳилаи савум ва ниҳоӣ моҳҳои май-июни соли равон баргузор мегардад.
Тавре ки аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, аз 1 то 17 май мусобиқаи гӯштини миллӣ ба таври зерин сурат мегирад: 1-3 май дар Рашт, гӯштини юнону румӣ 1-3 май дар Истаравшан, самбо 1-3 май дар Кўлоб, бокс 2-6 май дар Хуҷанд, гӯштини тарзи озод 4-6 май дар Душанбе, дзюдо 6-8 май дар Душанбе, таэквондо (ВТФ) 9-11 май дар Душанбе, баскетбол (мардон) 11-16 май дар Душанбе;
аз 17 май то 6 июн: баскетбол (бонувон) 17-22 май дар шаҳри Душанбе, варзиши сабук 23-25 май дар Душанбе, волейбол (мардон) 26-31 май дар шаҳри Душанбе, волейбол (бонувон) 2-6 июн дар шаҳри Душанбе доир мегардад.
Ғолибон ва ҷоизадорони чорабинӣ дар вазн ва масофаҳои алоҳида бо диплому медал, дастаи ғолибон ва ҷоизадорон аз рӯи намудҳои варзиш бо диплому ҷом ва ғолибону ҷоизадорон дар ҷамъбасти бозиҳо бо диплому туҳфаҳои хотиравии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ қадрдонӣ мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






