Маъракаи гусели нахустин наваскарони ихтиёрӣ
Душанбе, 01.04.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Даъвати баҳории наваскарон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз гардид ва дар робита ба ин имрўз дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт маъракаи гусели нахустин гурӯҳи 30 нафараи наваскароне, ки ихтиёрӣ ба сафи артиш мераванд, бо иштироки масъулин, фаъолону ҷавонон ва волидайни онҳо гузаронида шуд.
Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон,варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар чорабинӣ инчунин раиси ноҳия А Қурбонов ва муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Мавсума Муинова оид ба ҷасорату меҳанпарастии ҷавонон сухан гуфтанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






