Маркази нави ҳавосанҷӣ дар Варзоб
Душанбе, 08.04.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Дирӯз дар стансияи кӯҳии ботаникии Кондараи Варзоб марказ барои санҷидани вазъи гуногуни обу ҳавои ҷумҳурӣ кушода шуд.Тавре ки дар ин бора котиби масъули Академияи илмҳои Тоҷикистон Сайёҳат Иброҳимова хабар дод, дар чорабинӣ ҷиҳати ба истифода додани маркази мазкур Фарҳод Раҳимов, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, Ҳикмат Ҳисориев, директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИТ, Абдусаттор Саидов, директори Институти зоология ва паразитологияи АИТ ва дигар масъулини соҳа иштирок доштанд.Ба иттилои манбаъ, стансияи мазкур моҳи ноябри соли 2013 дар чорчӯбаи шартномаи ҳамкориҳои илмии Институти экология ва ҷуғрофияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИТ, ҳамчун ёрии маҷҷонӣ ба стансияи кӯҳии ботаникии Варзоб (Кондара) таҷҳизоти обу ҳавосанҷии рақамии ҳозиразамон оварда насб шуд, ки ба олимони ин соҳа баҳри муайян намудани вазъи боду ҳавои кишвар ва дигаргуншавии иқлим имконияти бештарро фароҳам меорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






