Масъалаҳои интегратсияи макотиби олии мамлакат

Апрель 14, 2014 11:43

Душанбе, 14.03.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Чанде қабл дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо иштироки кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарварону муовинони донишгоҳҳои кишвар, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, олимону рӯзноманигорон конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои интегратсияи макотиби олии мамлакатҳои рӯ ба инкишоф ба фазои ягонаи таҳсилотӣ ва илмии ҷаҳонӣ» баргузор гардид.
Директори донишкада Анвар Мақсудов зимни маърӯзаи худ гуфт, ки асри 21 давраи пешрафти босуръати илму техника ва технология, зуҳури самтҳои нави илм ва дар маҷмӯъ таҳаввулоти ҷиддии илмиву техникӣ буда, сатҳи омӯзиш ва дар амал тадбиқ намудани онҳо дар навбати аввал аз фаъолияти макотиби олӣ ва таҳсили хубу босифати ҷавонон вобаста аст.
Зикр гардид, ки ҳамроҳ шудан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ яке аз самтҳои стратегии рушди таҳсилоти олии касбӣ мебошад ва вобаста ба ин тайёр намудани кадрҳои ҷавобгӯйи талаботи замони муосир мутобиқ ба ҷаҳонишавии зинаҳои таҳсилот ва дараҷаю унвонҳои илмӣ, аз ҷумла, бакалавр, магистр ва доктор тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» бояд мақсади асосии дурнамои ҳар як муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бошад.

Апрель 14, 2014 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд