Маводи мухаддир бар ивази шишаи арақ
Хоруғ 10.04.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Зимни амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ сокини деҳаи Вамди ноҳияи Рӯшон Фаррух Назаршоевро бо гуноҳи марзшиканӣ ва қочоқи маводи мухаддир боздошт намуданд.
Ҳангоми боздошт Фаррух ба гуноҳаш иқрор шуда гуфт, ки чанд муддат боз бо Гадоалӣ ном шахс, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Ҷовиди вулусволии Рӯшони Вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон робита барқарор сохта, ба додугирифти маводи нашъа машғул аст.
Охири моҳи марти соли ҷорӣ Фаррух Назаршоев марзи давлатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро ғайриқонунӣ тавассути камераи мошин убур намуда, бар ивази 15 шиша машруботи спиртӣ аз Гадоалӣ миқдори муайяни маводи мухаддири навъи героин ва як миқдор маводи мухаддири навъи ҳашишро гирифтааст. Аммо дар бозгашт Фаррух аз ҷониби сарҳадчиён ва кормандони мақомоти амниятӣ дастгир гардид. Дар вақти кофтуков аз ҷайби номбурда маводи ҳашиш дарёфт ва мусодира шуд.








Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд






